Дар бораи мо       
 
Дар бораи мо Версия дар формати PDF Версия барои чоп Ба E-mail равон кардан
        Ноҳияи Шоҳмансур дар маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар ин ноҳия 17 (ҳабдаҳ) муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо зиeда аз 26370 нафар хонанда машғули таҳсиланд. Дар ноҳия 10 (даҳ) муассисаи томактабӣ (боғча) ва 1 (як) Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон амал мекунанд, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва самтҳои афзалиятноки ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Аз 17 муассисаи таълимӣ 15-тояш мактаби таҳсилоти миенаи умумӣ, 1-тояш мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва 1-тояш гимназия мебошанд.
Дар мактабҳои ноҳияи Шоҳмансур 1020 омӯзгорон дарс мегӯянд, ки 813 (80%) нафарашон маълумоти олӣ доранд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 650 нафарашон бо унвони дараҷаи олӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур 34 нафар омӯзгор аз фанҳои гуногун намерасанд.
Яке аз иқдомҳои неке, ки шӯъбаи маориф дар давоми соли хониши 2006-2007 ба анҷом расонидааст, ин ҷалби донишҷӯeни курсҳои 4 ва 5 ба кори таълим дар мактабҳо мебошад. Ин аст, ки 108 донишҷӯ дар мактабҳои ноҳия аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд.
Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф фаъолияти худро дар ноҳияи Шоҳмансур аз соли 2005 оғоз намуда, дар доираи татбиқи Лоиҳаи таҷдиди маориф як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Дар 17 мактаб АВО (Ассотсиасияи волидайну омӯзгорон) ташкил карда шудааст, ки омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон аъзои он буда, барои беҳбудӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои таълимӣ бисер корҳоро анҷом медиҳанд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 502 аз 1 ноябри соли 2006 муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур аз 1 январи соли 2007 ба шакли нави идора ва маблиғгузории сарикасӣ гузаронида шудаанд.
Ҳар як мактаб дар назди хазинадории шӯъбаи молияи ноҳияи мазкур суратҳисоби худро дорад, ки маблағгузорӣ ба мактаб бевосита сурат мегирад. Ҳар як мактаб муҳосиби худро дорад.
 
 
Навид
Навиди аввал
Дар интизории навид
 
Бакайдгирй





Гузарвожаро фаромӯш кардед?
То ҳоло ба қайд гирифта нашудаед? Бақайдгирӣ
Пурсиш
Сайти моро баҳо диҳед
 
Онлайн будагон
  Шуъбаи маорифи нохияи Шохмансур